Читать «Пораабри сафеди чингизхон» онлайн - страница 13
Чингиз Торекулович Айтматов
Пайдоиши абрро ѓайбдони дарвеше, ки Чингизхон боре имкони наздик шуданаш дод, пешгўї карда буд. Он мусофир ба зону наафтод, хушомад нагуфт, пешбинињои тамаллуќкорона накард. Ўи харобу љандапўш, ки бо мўњои бетартиби ба китфон хамидааш зани мўпарешонро мемонд, рў ба рўи афти мудњиши фотењи сањрої, ки дар юртаи заррин рўи тахт менишаст, сарбаланд меистод. Дарвеш љиддинигоњ, баришуфаш, гандумгуни харобрў буд.
- Ман омадаам ба ту бигўям, ки, хоќони кабир, - тавассути уйѓури тилмоч гуфт ў, - бо хости Афлок бароят аз боло рамзи хосае ирсол хоњад шуд.
Чингизхон аз ин изњори ногањонї лањзае лол монд. Ин дарвеш, ё аз аќл бегона аст, ё намефањмад, ки анљоми ин кораш чї мешавад.
- Чї хел рамз? Ту инро аз куљо медонї? – базўр хашмашро фурў бурдаву пешониашро чин карда, мувољењ шуд зўри зўрон.
- Аз куљо донистанамро гуфтан манъ аст. Вале чї будани он рамзро мегўямат – дар болои сарат абре падид омада, њамроњиат мекунад.
- Абр?! – Њайраташро пинњон накардаву тунд абрў дарњам кашида, хитоб намуд Чингизхон. Њамоно њозирон беихтиёр омодаи таркиши хашми хон шуданд. Лабони тилмоч аз тарс сафед гашт – аз эњтимол дур набуд, ки љазо ўро њам дарёбад.
- Оре, абр, - љавоб дод ѓайбдон. – Он нишонаи Ќазои Афлок аст, ки воломаќомии мутлаќатро дар рўи замин шањодат медињад. Ту бояд он абрро эњтиёт кунї, вагарна, гумаш, ки кардї, аз ќудрати беназират мемонї…
Дар юртаи зарин хомўшии гароне њукмфармо шуд. Дар он лањза аз Чингизхон њама чизро интизор шудан мумкин буд, вале баногањ, хашми нигоњаш, њамчун оташи нимсўзи гулхан, хомўш гардид. Майли бемисли љазодињиашро фурў нишонда, фањмид, ки суханони фолбини дайдуро густохии бадќасдона гирифтану љазояш додан лозим нест; бо ин шаъни хонии хешро паст мекунаду бас. Бино бар ин, лабханди маккоронаашро миёни мўйлабњои тунуки зардаш нињон дошта, гуфт:
- Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигўї. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигў, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чї гуна эњтиёт карда метавонам? Шояд галабонњои савори аспњои болдорро бифиристам, ки нигоњубинаш бикунанд? Ё чун аспи сур, ба њар эњтимол, лаљомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад сўяш мебарад, ман чї хел эњтиёт карда метавонам?
- Инаш – кори ту, - кўтоњ посух дод мусофир.
Боз њама карахт шуданд, аз нав хомўшии амиќ њукмрон гардид, лабони тилмоч бори дигар сафед шуд ва як кас њам аз ањли юртаи зарин љуръат накард сўи ѓайбдони бадбахт, ки аз аблањї ё ба хотири ким-чї худро мањкуми марги яќин карда буд, бингарад.
- Инъомаш кунеду бигуселонед, - зери лаб гуфт Чингизхон ва суханонаш ба дилњо, чун ќатрањои борон ба мазраи хушкида, љон бахшиданд.
Он њодисаи аљибу ѓариб базудї аз ёдњо рафт. Дунё пури содалавњу аблањон аст, охир. Ёфтааст ѓайбдонашро! Вале, он мусофир танњо аз сабуксарї бо сараш бозї кард гуфтан њам, аз рўи адолат набуд. Охир, нафањмида наметавонист, ки ба чї роњ по мондааст. Њамон замон, барои густохиву беэњтиромї, парпечон карда, ба думи аспи вањшие бастану шармандавор куштанаш пеши казегулњои хон душворие надошт. Бо вуљуди ин, чизе он мусофири навмедро такон доду талќин кард, ки њамчуноне пеши шери биёбон, рўёрўи њокими берањму хашмитарин биистаду бе тарсу ларз гапашро бигўяд. Рафтори девонаавзое буд он ё воќеан пайки Афлок?