Читать «Пораабри сафеди чингизхон» онлайн - страница 11

Чингиз Торекулович Айтматов

Љузъиёти парвандаи ояндаро хаёлан тањурў карда, Тансиќбоев аз матонати маќсаду мантиќи нияти хеш эњсоси ќаноатмандї намуд. Бо вуљуди ин, њис мекард, ки њанўз чизе намерасад, лозим буд, ки боз чизи наве дарёбад, гўё далелњое њанўз корбаст нашудаву чунон ки мебояд, мавриди дарки амиќ ќарор нагирифта буданд.

Масалан, ишорањои Ќуттибоев аз вазъи манкурт нињонї чизе дорад, охир. Манкурт! Манкурти фирефтае, ки модари худро куштааст! Албатта, ривояти ќадима аст он, вале Ќуттибоев, ки онро сабт кардааст, зимнан чизеро дар назар доштагист?! Бењудаву тасодуфї бо чунин љидду љањд ва муфассал рўи коѓаз наовардааст он ривоятро. Манкурт, манкурт… Чї нуктае нињон аст ин љо, агар рамзест, чї маънї дорад? Ва, муњимтар аз њама, Ќуттибоев ќиссаи манкуртро дар фаъолияти вайронкориаш чї хел, дар кадом шакл, ба чї тарз истифода бурданї буд? Хира-хира ким-чизи аз назари идеологї шубњанокеро дар ривояти манкурт пай бурда бошад њам, Тансиќбоев њанўз онро ќатъї изњор карда наметавонист, њоло пурра бовар надошт, ки мањбусро муттањам намуданаш муяссар мешавад. Хайр, ќиссаро, чунон ки дар ин мавридњо роиљ аст, зиддихалќї бигўяду мањз барои њамин ба љавобгариаш бикашад-чї? Дар ин љињат Тансиќбоевро салоњият камтар буд, инро худаш хуб мефањмид. Ба ягон олим мурољиат кардан даркор. Ифшои миллатчиёни буржуазї, ки имрўз ќайдаш карда истодаанд, њамин хел сурат гирифт-ку – аввал гурўњеро дарёфтанд, ки дар миллатчигию бар зарари даврони сталинї тавсиф намудани гузашта айбдораш кунанд ва њамин кофї буд, ки осиёб рўзу шаб гардон бошад. Не, ягон сир њаст, ки Ќуттибоев он ќадар бо љидду љањд ќиссаи манкуртро рўи коѓаз овардааст. Боз як бор бодиќќат њар як калимаро бояд хонд ва агар ягон асосаке пайдо бишавад, тањияи ќиссаро њам истифода карда, ба парванда афзудан ва чун гуноњ ба кор бурдан лозим.

Ѓайр аз ин, аз байни коѓазњои Ќуттибоев матни боз як ќисса бо номи «Ќатл дар Сарой», ки аз замонњои Чингизхон ривоят мекунад, пайдо шуд. Тансиќбоев, ки дар ибтидо ба он ќиссаи доќиёнусї ањамият надода буд, танњо акнун ба хаёл рафт. Охир, дар он њам, агар наѓзакак биандешї, кинояи сиёсие метавон дарёфт.

Њангоми юришаш ба Ѓарб, рўзњои ќўшуни бешуморашро дар пањнои бекарони Осиё аз паи худ њидоят намудан, Чингизхон дар дашти Сарой маросими ќатле барпо карда, як юзбошї ва љавонзани зардўзеро, ки бар парчамњои абрешимии нусраташ аждањорњои оташнафас медўхт, ба дор кашид.