Читать «Пораабри сафеди чингизхон» онлайн - страница 12
Чингиз Торекулович Айтматов
Он ваќт ќисми зиёди Осиё аллакай зери дасти Чингизхон ќарор дошту ба улусњо људо ва миёни писарону наберагону лашкаркашонаш таќсим шуда буд. Акнун бояд таќдири кишварњои он соњили Итил[*]*, таќдири Аврупо њал мешуд.
Дар дашти Сарой он дам тирамоњ њукм меронд. Баъди боронњои паињам кўлу дарёњои тобистон хушкида сероб шуданд ва акнун аспонро дар роњ шодоб кардан мумкин буд. Издињоми дашт мешитобид, чунки фатњи дашти Сарой ќисмати душвортарини юриш њисоб меёфт.
Се тумани дањњазорнафара, парчамњояшонро афрошта, пеш-пеш мерафтанд. Ќудрати онњоро аз рўи њаракаташон – пардаи чангу ѓуборе, ки аз суми аспонашон мехесту чун дуди сўхтори азиме то дурињои дур уфуќро мепўшид, ќазоват кардан мумкин буд. Ду тумани дигар, њамроњи галаи аспони эњтиётї, корвон ва подаи говони ќисир – барои куштани њаррўза – аз аќиб меомаданд; ба пас нигариста, ба ин бовар њосил кардан мумкин буд – чанги он љо њам ба осмон мехест. Дигар ќуввањои љангї њам буданд, ки бино бар дурии бењадашон ба чашм намерасиданд. То мавќеи онњо – туманњои ќанотњои росту чап, ки њар яке сетуманї доштанд, аспсавор якчанд рўз рафтан лозим меомад. Он ќўшунњо мустаќилона сўи Итил њаракат мекарданд. То оѓози хунукињо дар соњили Итил, дар ќароргоњи хон вохўрии сарлашкарони њамаи ёздањ туман пешбинї шуда буд, то ки амалиёти минбаъда маслињат бишаваду ќўшунњо, Итили яхбастаро убур карда, сўи мулкњои сарватманду зебое, ки фатњашонро Чингизхон, сарлашкаронаш ва њар яке аз саворон орзў доштанд, роњ бигиранд…
Ана, њамин тавр, устувор, лањзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд ќўшунњо дар он юриш. Ва, бадии кор дар њамин буд, ки занон њам дошт корвони онњо.
Худи Чингизхон, бо ним њазор посбонон – кезегулњову надимон – жасавулњояш, ки дар юриш њамроњиаш мекарданд, чун љазираи шиновар дар байни ќўшунњо њаракат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онњо мерафт ў. Фотењи Чањор Сўи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, њангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.
Ў савори саманди дўстдоштааш – Хубаи ањлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёњ ва нармрафтор, ки зери зини хон ќариб ними дунёро тай карда буд, роњ мепаймуд. Ду аспи эњтиётии низ бењад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, њамин ки яке каме араќ кард, иваз менамуд.
Вале љолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулњои љасур буданд, ки њаёташон беш аз худашон ба хон тааллуќ дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандњои олиљаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи љолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми роњ, Чингизхонро аз офтоб панањ карда, болои сараш абре шино менамуд. Куљое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки њаљми хаймаи калонеро дошт, чун мављуде аз пушти ў мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, - он фол аст. Афлок ба Фотењи Оламњо фотиња додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадриљ абракро назора карда, бештар бовар њосил менамуд, ки он, дар њаќиќат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи ќазост.