Читать «Пораабри сафеди чингизхон» онлайн - страница 16

Чингиз Торекулович Айтматов

Хотири љамъи мананд посбонони ман!

Имрўз, дар роњи сафар, мехоњам шукрона кунам:

Посбонони муќтадири шабњоям

Маро бар тахт арљ доданд!..

Дар миёни душманони шўру исёнгар,

Садои базўр шунавои тирдонро шунидан замон,

Бетаъхир

Ба набард бархостаанд онон. 

Ба посбонони зираку њушёри шабњоям

Имрўз, дар роњи сафар, шукрона мегўям:

Ёлњоро зери нури моњ бадхашмона сих карда,

Галаи бовафои гургон

Пешвояшонро њангоми шикор дар њалќаи хеш

 мегиранд.

Њамчунин, дар ин њуљум ба Ѓарб

Аз ман људонопазир аст галаи кабудёли ман.

Посбонони маснадам дар њама љо бо мананд…

Шукронаи онњо мекунам дар роњи сафар…

Ин шеър, агар баланд садо медод, дар забони Чингизхон бисёр бељо буд – дигар кор надорад, ки ба баёни эњсосот машѓул мешавад ў! Вале дар ин роњи сангин, ки аз субњ то шомаш дар хонаи зин мегузарад, шеъргўї њам мумкин.

Сабаби болидарўњии Чингизхон абри сафеде буд, ки њабдањ рўз боз, аз субњ то шом, болои сараш дар осмон шино мекард – куљое, ки мерафт, абри сафед дар тори сараш буд. Пешгўии пайѓамбаронаи ѓайбдон оќибат рост баромад. Вале он ваќт кї бовар мекард! Барои беэњтиромии рўиросту густохие, ки дар хаёли кас намегунљад, худи њамон соат он содалавњакро ба љањаннам фиристодан душворие надошт, охир; лекин дарвеши овора кушта нашуд. Пас њукми таќдир чунин будааст.

Њанўз рўзи аввали юриш, њамин ки туманњову корвону галањо, мисли рўдњои тирафоми айёми обхез, тамоми пањноро ишѓол намуда, сўи Ѓарб ба роњ даромаданд, чоштгоњ, њини сарибод иваз намудани аспи бењолгаштааш, Чингизхон тасодуфан боло нигарист, вале ба абраки сафеде, ки рост дар болои сари ў оњиста шино мекард ва ё шояд бењаракат меистод, њељ ањамияте надод – осмони кушод абри кам дорад магар?

Ў дар ињотаи кезегулу жасавулњое, ки дуртар аз вай роњ мепаймуданд, банди хаёлњои худ, хавотиромез аз рўи зин ба атроф нигариставу њаракати ќўшуни бисёрњазорнафараи мутеонаю пурљањд ба фатњи дунё шитобонаш, ќўшуни чандон ба иродааш мутеъ ва чандон дар иљрои ниятњояш кўшоро, ки гўё на инсонњои њар яке ботинан хоњони мисли ў соњибќудрат шудан, балки ангуштони дасташ бошанд; ангуштоне, ки лаљоми аспашро банавбат андар худ медоранд, назора намуда, пеш мерафт.

Аз нав ба осмон нигариставу њамон абрро болои сари хеш дида, Чингизхон боз њам бар он наандешид. Оре, ўи гирифтори нияти фатњи дунё фикр накард, ки абри осмон барои чї пайваста тор-тори сари ўи хокї дар њаракат аст. Наандешид, ки чї муносибате миёни онњо буда метавонад.

Ба чашми касе њам аз ањли юриш он абрак натофт, касеро ба он коре набуд, касе њам гумоне надошт, ки дар рўзи рўшан мўъљизае рух додааст. Вазифаи онон тањи пои худро дидан буд, на осмони нопайдоканорро назора кардан. Ќўшун, чанги суми аспону чархи аробањоро ба осмон хезондаву масофањои тайшударо шояд абадї ва бебозгашт аќиб нињода, дар намуди анбўњи тирафоме равон буду равон. Њамаи ин ба хотири як сару савдо ва иродаи хон сурат мегирифт ва дањњо њазор одамон, сардарфармону умедвори ў, дар њирси дарёфти шўњрату ќудрату сарват, бо майли тамом мерафтанду мерафтанд.

Бад-ин минвол, то шомгоњ роњ паймуданд. Одатан, дар њамон љое, ки шаб фаро мерасид, лангар мепартофтанду субњ боз роњ пеш мегирифтанд.