Читать «Пораабри сафеди чингизхон» онлайн - страница 8

Чингиз Торекулович Айтматов

Мањз дар њамин замони камвоќеаву барои ављи мубориза бањри ошкор кардани душманони нави нињонї мушкил, тасодуф њам бошад, бахти майор Тансиќбоев хандид. Ариза аз болои Абўтолиб Куттибоевро ба дасти ў аслан чун маводи моњиятан дуюмдараља, на ба маќсади оѓози тафтиши љиддї, балки бештар барои шиносої дода буданд. Вале Тансиќбоев фурсати мувофиќи умрашро аз даст надод. Ва фаросаташ ўро нафиребид. Тансиќбоев, танбалї накарда, барои тафтиш ба љои воќеа рафт ва акнун торафт бештар бовар њосил мекард, ки ин парвандаи дар нигоњи аввал назарногир, агар хуб тањлилу тафсир бишавад, вазни зарур хоњад дарёфт. Ва, аз афташ, кор агар табъи дил биравад, ў њам аз мукофотњои боло бенасиб намемонад. Магар ў њамин њоло, паси ана њамин миз, шоњиди чунин тантана нест, магар ў намедонад, ки чунин корњо чї хел сурат мегиранд? Магар хуш нест ў бо ин шиносони хубаш, ки аз дилу љон ба Худо-Њокимият содиќанду дар сояи лутфаш рўи мизу саќфашон пурбулўр аст ва худ кайфу сафо доранд? Вале ба Худо–Њокимият танњо бо як роњ – тавассути хидмати ифлосу собитќадамона бањри дарёфту ифшои душманони ниќобпўш метавон даррасид.

Ва аз душманон бодиќќатонатар онњоеро назорат кардан даркор, ки дар асорат буданд. Онњо худ аллакай љинояткори тайёранд, чунки як тир ба пешонии худ назаданд; ўњдадор буданд онњо бимиранду асир наафтанд ва бо њамин садоќати тамомашонро ба Худо-Њокимият, ки мурдану асир нашудан талаби бечунучарояш буд, собит бисозанд. Ва касе, ки асир шуд, љинояткор асту љазои ногузираш барои ин њушдори умрбодест тамоми наслњоро. Чунин аст таълимоти доњї – Худо-Њокимият. Ќуттибоев, ки зери дасти ўст, ана аз љумлаи њамин собиќ асирони њарбист ва, муњиммаш, дар парвандаи ў як риштаи зарурї, бисёр як љузъи дархўрди замон њаст – агар эътирофи Ќуттибоевро дар ин хусус, бигзор каме њам бошад, ноил шудан даст дињад, чун калиди парвандаи калон ба кор меояд. Он барои ифшои наќшањои аз азал хоинонаи ревизионистии дастаи Тито-Ранкович, ки бе маслињати Сталин ба роњи хоси пешрафти Югославия даъво доранд, хидмат хоњад кард. Бубин-а, чї хостаанд! Љанг нав тамом шудаасту ишон – аллакай људо шуданї. Насибатон намекунад! Сталин ин маќсадро ба хокистар мубаддал месозаду ба бод медињад. Зимнан, барљо мебуд, агар бори дигар, бо далели андаке њам бошад, исбот бишавад, ки идеяњои хоинонаи ревизионистї дар Югославия бисёр барваќт, њанўз солњои љанг дар байни командирњои партизанњо тавлид шудаанд ва ин њама зери таъсири бевоситаи хадамоти махсуси англис сурат гирифтааст. Дар ёддоштњои Абўтолиб Ќуттибоев лањзае њаст, ки партизанњои югославї бо англисњо вомехўранд, яъне, маљбураш кардан мумкин, ки чизи барои имрўз зарурро иќрор бикунад. Њамин хел ки њаст, бо чї роње бошад, иќрорашро ноил шудан даркор. Сарро ба девор задан њам лозим ояд, ин ќаламфарсои саройиро маљбур бояд кард, ки чизи заруриро бигўяд. Дар сиёсат њама чизе, ки ба рафти об аст, кор меояд. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки душманро дар гирудори мафкуравї аз по меафтонад. Бино бар ин, вазифаи ба даст овардани он санг ва ё, бигзор, сангчањо ва, рамзї бошад њам, бо дасти худ, аз дилу љон ба дасти Худо-Њокимият додани он сангчаи изофа ба миён меояд, то худаш њам назанад, каси даркориро бифармояд, ки бо он думравони ревизионистони манфур Тито ва њамтабаќаш Ранковичро бикўбад. Агар даркор нашавад, мегўянд, ки аз њад майда аст, лекин љидду љањдро ба назар мегиранд… Он гоњ мебинї, ки ањли ин нишаст мењмони ў шудаанду он муносибати олиљанобро ќайд доранд. Охир, маънии зиндагї хушбахтист, муваффаќият бошад, оѓози бахт аст.